Муовини Мадуро: Амрико ба дунболи истило бар нафти Венесуэла аст
Муовини раиси ҷумҳурии Венесуэла гуфт: Амрико барои истило бар нафти Венесуэла, талош дорад ин кишварро бесубот кунад.
Делси Родригез, муовини Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, дар ҷамъи роҳпаймоии ҳаводорони Мадуро дар Каракас, пойтахти Венесуэла, афзуд: Акнун дигар тамоми ниқобҳо аз чеҳраҳо, аз Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, гирифта то Майк Пенс муовини Трамп, ва Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед бардошта шудааст, зеро ҳамаи ин афрод бидуни истисно гуфтаанд, ки ба дунболи нафти Венесуэла ҳастанд.
Родригез тасреҳ кард: Посухи мо ба зиёдахоҳиҳои Амрико ин аст: “Дастони янкиҳо аз санъати нафти мо дур бод!”
Бар асоси ин гузориш, вазири нафти Венесуэла низ, ки дар тазоҳуроти ҳомиёни давлати қонунии Венесуэла ширкат дошт, гуфт: Мардуми Венесуэла ҳамвора аз Мадуро дар баробари хусуматҳои Амрико ҳимоят хоҳанд кард.
Николас Мадуро моҳи майи 2018, дар интихоботи саросарӣ ба муддати шаш соли дигар ба унвони раиси ҷумҳурии Венесуэла интихоб шуд. Бо ин ҳол, Хуан Гуайдо раҳбари мухолифони давлати Венесуэла 23 январи 2019, дар иқдоме ғайриқонунӣ ва бо чароғи сабзи Амрико, Аврупо ва баъзе аз кишварҳои минтақа худро раиси ҷумҳурии муваққати Венесуэла хонд.