Феврал 01, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  • Хашми Амрико аз роҳандозии канали вижаи тиҷорати Аврупо бо Эрон

Вазорати хориҷаи Амрико бомдоди ҷумъа дар баёнияе, роҳандозии канали вижаи тиҷорати Аврупо бо Эрон мавсум ба "ИНСТЕКС" (INSTEX)-ро ҳомили паёмадҳои хатарноке барои Иттиҳодияи Аврупо донист.

Вазорати хориҷаи Амрико таъкид кард, гузоришҳо дар мавриди канали молии Аврупо бо Эронро ба диққат дунбол мекунад.

Вазорати хориҷаи Амрико муддаӣ шуд, ниҳодҳое, ки дар фаъолиятҳои ноқизи таҳрими Эрон ширкат кунанд, бо паёмадҳои сангине аз ҷумла қатъи дастрасӣ ба системаи молии Амрико ва адами имкони тиҷорат бо ин кишвар ё ширкатҳои амрикоӣ мешавад, рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Вазорати хориҷаи Амрико тасреҳ кард, созукори молии Аврупо таъсире бар корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон нахоҳад дошт.

Ҳайко Маас, Джереми Ҳант ва Жан-Ив Ле Дриан вазирони хориҷаи Олмон, Британия ва Фаронса, панҷшанбешаб дар баёнияе муштарак эълом карданд, канали молии Иттиҳодияи Аврупо бо Эрон мавсум ба "ИНСТЕКС" расман роҳандозӣ шудааст.

INSTEX мухаффафи “Instrument in support of trade exchanges” ба маънои "абзори пуштибони мубодилоти тиҷорӣ" аст.