Русия паймони мушакиро таълиқ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41410-Русия_паймони_мушакиро_таълиқ_кард
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия эълом кард, кишвараш созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвозро ба ҳоли таълиқ дармеоварад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 02, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Русия паймони мушакиро таълиқ кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия эълом кард, кишвараш созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвозро ба ҳоли таълиқ дармеоварад.

Ба гузориши Садо ва симои Эрон, Владимир Путин эълом кард, Русия низ созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвозро ба ҳоли таълиқ дармеоварад.

Раисиҷумҳури Русия эълом кард, Амрико созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвозро нақз карда ва бозрасии таслиҳоти Амрико зарурӣ аст.

Путин ҳамчунин бо тарҳ пешниҳоди вазорати дифои ин кишвар барои оғози сохти мушаки миёнбурд бо суръати бештар аз суръати савт(садо) мувофиқат кард.

Раисиҷумҳури Русия ба вазирони дифо ва умури хориҷаи ин кишвар низ гуфтааст, дар хусуси халъи силоҳ бо Амрико ҳеҷ музокирае оғоз накунанд.

Путин гуфт, дар пайи хурӯҷи Амрико аз созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвоз, Русия таслиҳоти миёнбурди ҷадид тарроҳӣ хоҳад кард.