Маҳкумияти Русия ба пардохти ғаромат ба Гурҷистон
Феврал 03, 2019 12:24 Asia/Dushanbe
Вазири додгустарии Гурҷистон аз маҳкумияти Русия ба пардохти 10 миллион евро ғаромат ба шаҳрвандони гурҷӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Орон-Нюс, Тея Сулукиани гуфт: Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, ба парвандаи ихроҷи беш аз ҳазор нафар шаҳрванди Гурҷистон дар соли 2006 аз Русия, расидагӣ ва ҳукми пардохти 10 миллион евро ба унвони ҷуброни хисорат ба ин афродро содир кард.
Вазири додгустарии Гурҷистон афзуд: Ғаромати дарёфтшуда қарор аст дар муддати 18 моҳ миёни 1500 шаҳрванди гурҷии ихроҷшуда аз Русия тавзеъ шавад.
Ихроҷи гурӯҳе шаҳрвандони Гурҷистони аз Русия дар нимаи дувуми соли 2006 пас аз ба қудрат расидани Михаил Саакшвили сурат гирифт.
Барчасп