Феврал 04, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Табрики мардуми Покистон ба миллати Эрон ба муносибати Аёмуллоҳи даҳаи Фаҷр

Мардуми Покистон фаро расидани Аёмуллоҳи даҳаи Фаҷрро бо насби баннер дар маобири умумии шаҳрҳои Исломободи пойтахт ва Равалпиндӣ ба миллати Эрон табрик гуфтанд.

70 соли дӯстӣ ва ухувват, шиорест, ки дар баннере, ки дар шаҳрҳои Исломобод ва Равалпиндӣ ба муносибати чиҳилумин солгарди пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломии Эрон насб шуда, ба чашм мехурад.  

Рӯи ин баннерҳо тасовире аз ҳазрати имом Хумайнӣ, бунёнгузори инқилоби исломӣ (р) ва Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз як сӯ ва тасовире аз Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ, бунёнгузори Покистон ва аллома Иқболи Лоҳурӣ, шоири маъруфи шибҳқора дар сӯи дигар мушоҳида мешавад.  

Аз аввали феврали 1979, рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (р) ба Эрон то 11 феврал, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, даҳаи Фаҷр номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин аём баргузор мешавад.