Феврал 04, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Русия эҷоди пойгоҳи низомии дуввумро дар Қирғизистон баррасӣ мекунад

Вазири умури хориҷаи Русия, ки ба Қирғизистон сафар кардааст, имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, сохти пойгоҳи низомии дуввуми Русия дар ҷануби Қирғизистон, пешниҳоди давлати Бишкек аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти матбуотӣ дар донишгоҳи қирғизӣ- славянӣ дар Бишкек афзуд, Русия омодагӣ дорад ин пешниҳоди давлати Қирғизистонро баррасӣ кунад.

Пеш аз ин Аликбек Ҷекшенқулов, сафири ҷадиди Қирғизистон дар Русия аз алоқамандии кишвараш ба таъсиси пойгоҳи низомии дувуми Русия дар ҷануби Қирғизистон хабар дода буд.

Пойгоҳи низомии мавсум ба Кант дар шимоли Қирғизистон дар соли 2003 таъсис шуд ва тибқи қарордод аз пардохти иҷора муоф аст.

Якуми декабри соли 2016 Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон иҷозаи фаъолияти ин пойгоҳро то соли 2058 содир карда ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар вокуниш ба ин тасмим гуфта буд, дар сурати тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи қирғиз ва бениёзии онон ба ин пойгоҳи низомӣ, сарбозони рус ҳамон рӯз хоки ин кишварро тарк мекунанд.

Дар пойгоҳ ва фурудгоҳи низомии Кант 250 афсар ва 150 сарбоз хидмат мекунанд ва ҷангандаҳои «СУ- 25», болгардҳои «МЕ-8» ва сомонаҳои мушакии дифои ҳавоӣ мустақар ҳастанд.

Сергей Лавров субҳи имрӯз вориди Бишкек шуд ва бо Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳур ва Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дидор кард.

 

Барчасп