Талоши Амрико барои дур кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия
Амрико дар талош аст кишварҳои Осиёи Марказиро аз хариди таҷҳизоти низомии Русия мунсариф кунад.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, ин матлабро генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар гузориши катбии худ ба Конгресси Амрико унвон ва изҳор доштааст: “Мо ба таври мушаххас дар заминаи ин масоил бо кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон иртибот барқарор кардаем”.
Фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар мавриди ҳамкории низомии кишвараш бо Тоҷикистон навиштааст: “Мо ба равобити низомӣ бо Тоҷикистон идома медиҳем, дар ҳоле ки Русия низ дар ҳоли тақвияти нуфузи худ дар Тоҷикистон аст ва ҳамчунин ҳузури низомиашро дар пойгоҳи наздикии пойтахти Тоҷикистон ташдид кардааст”.
Маҳофили хабарӣ ва сиёсии Русия истиқрори ДИИШ дар Афғонистон бо мусоидати Амрикоро вобаста ба тазоди манофеи Маскаву Вашингтон ва талоше барои зарба задан ба Русия медонанд.