Феврал 07, 2019 20:11 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Ҳиллари Клинтон наз паймоншикании давлати Трамп

Рақиби демократи Трамп дар интихоботи соли 2016 бо интиқод аз тасмими вай ба хурӯҷ аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF), ин тасмимро ҳадияе барои Путин хонд.

Ба гузориши Спутник, Ҳиллари Клинтон гуфт, Кохи Сафед ба ҷойи дархости баргузории гуфтугӯ дар бораи ин масъала, аз ин тавофуқ хориҷ шуд.

Клинтон бо ишора ба хатарҳои аз байн рафтани паймони "INF"барои ҷаҳон гуфт, ин амр боиси афзоиши хатари партоби мушакҳо ва таслиҳот аз ҳар навъ бавижа таслиҳоти ҳастаӣ дар маҳдудаи фазои Аврупо мешавад.

Майка Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико ба тозагӣ эълом кардааст, ин кишвар аз 2 феврал ба муддати 180 рӯз, Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурд "INF" бо Русияро таълиқ мекунад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҷавоби ин тасмими давлати Трамп эълом кард, Маскав низ дар вокуниш ба иқдоми Вашингтон, тааҳҳудоти худро дар қолаби паймони " INF" ба ҳоли таълиқ дар меоварад.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия низ эълом кард, мушаки ҷадиде,ки чанде пеш дар ҳузури вобастагони низомии кишварҳои ҷаҳон рӯнамоӣ шуд, ба ҳеҷ ваҷҳ нақзи INF нест, аммо амрикоиҳо, ки ҳамвора ба думболи баҳонаҳое барои хурӯҷ аз ин паймон будаанд, онро нақзи паймон талаққӣ карданд.

Барчасп