Сабғатуллоҳи Муҷаддадӣ даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41661-Сабғатуллоҳи_Муҷаддадӣ_даргузашт
Нахустин раиси давлати муҷоҳидин ва аз машҳуртарин раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 12, 2019 18:10 Asia/Dushanbe
  • Сабғатуллоҳи Муҷаддадӣ даргузашт

Нахустин раиси давлати муҷоҳидин ва аз машҳуртарин раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон даргузашт.

Сабғатуллоҳи Муҷаддадӣ, нахустин раиси давлати муҷоҳидин ва аз машҳуртарин раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон пас аз таҳаммули муддатҳо ранҷи беморӣ даргузашт.

Хонаводаи Муҷаддадӣ ва Ҳизби наҷоти миллии Афғонистон, ки Муҷаддадӣ раёсати онро бар уҳда дошт, гуфтанд: Маросими хоксупории вай чаҳоршанбе дар Кобул баргузор мешавад.

Сабғатуллоҳи Муҷаддадӣ, ки мутаваллиди 1305 хуршедӣ буд, пас аз пирӯзии муҷоҳидин дар баҳори 1371 ба унвони раиси муваққати давлати исломии Афғонистон мансуб шуда буд.