Феврал 14, 2019 14:22 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Полша ба ҳамлаи террористии ҷануби шарқи Эрон

Вазорати хориҷаи Полша дар вокуниш ба ҳамлаи террористии ҷануби шарқи Эрон ва паёми твиттерии вазири хориҷаи ин кишвар дар бораи он муддаӣ шуд, ки Варшава терроризмро дар ҳар шакле маҳкум мекунад.

Дар саҳифаи твиттерии Вазорати хориҷаи Полша омадааст: Терроризмро маҳкум мекунем ва вокуниш ба ҳамлаи ҷоддаи Хош-Зоҳидон дар Эрон низ аз ин мавзуъ мустасно нест.  

Вазорати хориҷаи Полша, ки ин рӯзҳо мизбони як нишасти амрикоӣ-зиддиэронӣ аст, дар идома муддаӣ шуд, ки “имрӯз, ҳеҷ террористе дар Варшава ҳузур надорад”.

Чаҳоршанбе шаб як автобуси ҳомили размандагони ғаюри ислом, ки пас аз итмоми маъмурияти марзбонӣ аз минтақа озими шаҳрҳои худ буданд, дар ҷоддаи Хош-Зоҳидони устони Систон ва Балучистон тавассути мошини интиҳории террористҳои такфирӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Дар ҷарёни ин ҷинояти террористӣ токунун 27 тан аз размандагони ғаюри ислом шаҳид ва 13 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбе шаб дар саҳифаи твиттерии худ навишт: Эрон дуруст дар ҳамон рӯзи баргузории “сирки Варшава” ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор мегирад, тасодуфӣ нест.

Зариф афзуд, дору дастаи ҳамони террористҳое, ки марзбонони Эронро ба хоку хун кашиданд, дар хиёбонҳои Варшава барои ин иқдоми террористӣ ура мекашанд ва бо ба коргирии роботҳои твиттерӣ, аз он ҳимоят мекунанд.

 

Барчасп