Феврал 17, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Шарти раисҷумҳури Афғонистон барои таҳвили қудрат ба Толибон

Раисҷумҳури Афғонистон гуфт: Агар Толибон пас аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз шавад, ҳозир аст, қудратро ба ин гурӯҳ вогузор кунад.

Ашраф Ғанӣ дар ҳошияи Иҷлоси амниятии Мюнхен аз Толибон хост, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад ва хостаҳои худро бо мардум дар миён бигузорад ва аз роҳи интихобот қудратро ба даст оварад.

Вай гуфт: Агар ағлаби мардум дар интихоботи раёсатҷумҳурии бистуми июл ба Толибон раъй диҳанд, давлати Кобул ҳозир аст, то қудратро ба ин гурӯҳ вогузор кунад.  

Ашраф Ғанӣ афзуд: Давлати Афғонистон бояд тарафи аслии музокироти сулҳ бо Толибон бошад.

Пеш аз ин низ давлати Афғонистон борҳо музокироти бидуни қайду шартро бо Толибон хостор шуда, аммо ин гурӯҳ ҳамвора бо дархости давлат барои музокира мухолифат кардааст.

 

Барчасп