Рябков: Амрикоро наметавон шарики Русия хонд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41865-Рябков_Амрикоро_наметавон_шарики_Русия_хонд
Муовини вазири хориҷаи Русия эълом кард, ки Вашингтонро наметавон шарики Маскав хонд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 20, 2019 21:16 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Амрикоро наметавон шарики Русия хонд

Муовини вазири хориҷаи Русия эълом кард, ки Вашингтонро наметавон шарики Маскав хонд.  

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия изҳор дошт, ки Амрико наметавонад ба унвони шарики Русия номида шавад.

Рябков гуфт: Дар як ҷое дар робита бо Амрико истилоҳи таҳаммули стратегӣ ба кор рафта буд, ки ба назари ман комилан муносиби тавсифи сиёсатҳои Амрико аст, ки бояд дар ояндаи қобили пешбинӣ бо Вашингтон, ба кор гирифт.