Феврал 21, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Русия дарёфти шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни тоҷикро осон мекунад

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷавонони тоҷикистонӣ ба таҳсил дар Русия суҳбат кард.

Ба нақл аз Спутник, Лякин-Фролов зикр кард, ки дар Тоҷикистон филиали бахше аз муассисаҳои олии Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишгоҳи славянӣ фаъолият доранд.

Феълан ҳудуди 8 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Инчунин имконияти таҳсил дар бакалавриат, магистратура, аспирантура ва ординатура фароҳам аст”, - изҳор дошт сафир.

Ӯ  илова кард, ки дар қаламрави Русия ҳудуди 20 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ мехонанд.

Ҷавонони Тоҷикистон бештар муассисаҳои таълимии тиббӣ ва ҳунармандӣ интихоб мекунанд. Ҳамасола ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ба Русия меравад”, - иттилоъ дод Лякин-Фролов.

Сафир таъкид кард, ки феълан масъалаи осон кардани гирифтани шаҳрвандӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимии Русия дар баррасӣ қарор дорад.

Лякин-Фролов изҳор дошт, ки бисёре аз хатмкунандагони макотиби олӣ дар Русия мемонанд ва ҳангоми бозгашт ба ватан аллакай аз малакаи хуби корӣ ва таҷрибаю равобити зарурӣ бархӯрдор мебошанд.