Вуруди валиаҳди Арабистон ба Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41886-Вуруди_валиаҳди_Арабистон_ба_Чин
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар охирин марҳалаи сафари осиёии худ имрӯз вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  • Вуруди валиаҳди Арабистон ба Чин

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар охирин марҳалаи сафари осиёии худ имрӯз вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.

Қарор аст, валиаҳди Арабистон рӯзи ҷумъа бо Ши Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дидор ва гуфтугӯ кунад.  

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон пеш аз ин ба кишварҳои Покистон ва Ҳинд низ сафар карда буд ва аз Деҳлии Нав вориди Пекин шудааст.

Сафари Муҳаммад бин Салмон ба Покистон ва Ҳинд бо эътирози густардаи мардуми ин кишварҳо рӯ ба рӯ будааст.