Феврал 22, 2019 17:03 Asia/Dushanbe
  • Камбуди маводи ғизоӣ дар Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ ҳушдор додааст, дар соли 2019 бо камбуд як миллиону чаҳорсад ҳазор тонна маводи ғизоӣ рӯбарӯ буда ва маҷбур шудааст, саҳмбандии ғизои мардуми худро ба нисф коҳиш диҳад.

Ба гузориши Рейтер, давлати Кореяи Шимолӣ дар номае ба Созмони милал, ба авомиле чун ҳарорати боло, хушксолӣ, сел ва таҳримҳои Созмони милал ба унвони аслитарин сабабҳои камбуди маводи ғизоӣ дар ин кишвар ишора кардааст.

Интишори ин номаи дусафҳаии бидуни таърих аз сӯи ҳайати намояндагии Кореяи Шимолӣ дар Созмони милал ва дар остонаи нишасти ҳафтаи ояндаи Ҳаной бо ҳузури Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ва Ким Чен Ун раҳбар Кореяи Шимолӣ иттифоқ меафтад.

Дидори сарони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар пойтахти Ветнам бо ҳадафи гуфтугӯ дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея анҷом мешавад.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар нахустин дидори худ бо Трамп дар моҳи июни 2018 дар Сингапур мувофиқат кард, халъи силоҳи ҳастаиро бо ҳадафи тазмини амнияти нимҷзираи Корея дар баробари тазминҳои амниятӣ аз Вашингтон бипазирад.

 

Барчасп