Ҳушдори дабири кулли Созмони милал дар мавриди густариши фақр дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41998-Ҳушдори_дабири_кулли_Созмони_милал_дар_мавриди_густариши_фақр_дар_ҷаҳон
Дабири кулли Созмони милал дар мавриди табаоти манфии густариши фақр дар ҷаҳон ҳушдор дод.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори дабири кулли Созмони милал дар мавриди густариши фақр дар ҷаҳон

Дабири кулли Созмони милал дар мавриди табаоти манфии густариши фақр дар ҷаҳон ҳушдор дод.  

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милал дар суханронии худ дар Ҷаласаи ифтитоҳияи чиҳилумин давраи нишастҳои Шӯрои ҳуқуқи башари вобаста ба ин созмон дар Женева гуфт, шумори каме аз ҷамъияти ҷаҳон, бештари сарватҳоро дар ихтиёр доранд.

Вай афзуд: Фақр яке аз хатарноктарин умуре аст, ки ҳуқуқи башарро дар ҷаҳон таҳдид мекунад.  

Гутерреш гуфт: Нобаробарӣ, зулм ва бекорӣ ва вахомати авзои маишатӣ сабаби бурузи нооромӣ мешавад.