Русия аз тасмими Амрико барои ҳамла ба Венесуэла парда бардошт
Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, Амрико нерӯҳои вижаи худро ба манзури иқдом алайҳи раисҷумҳури Венесуэла ба Порторико фиристодааст.
Ба гузориши ИРНА, Николай Петрушев изҳор дошт, Амрико дар мавриди мардуми Венесуэла бо тамасхур ва такаббур рафтор мекунад ва дар ҳоли тадоруки таҳоҷуми низомӣ ба ин кишвар аст.
Петрушев афзуд, эъзоми нерӯҳои вижаи амрикоӣ ба Порторико, истиқрори нерӯи низомӣ дар Колумбия ва дигар шавоҳид баёнгари он аст, ки Пентагон ба дунболи иҷрои барномаи худ аст ва аз сӯйи дигар кумакҳои ба истилоҳ башардӯстона ба Венесуэла таҳмил мекунад.
Петрушев идома дод, вазъияти инсонии душвор дар Венесуэла, ки Вашингтон ба он истинод мекунад, бо таҳримҳо ва муҳосираи иқтисодии Амрико алайҳи ин кишвар ба вуҷуд омадааст.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия низ чанд рӯзи пеш аз барномаи Амрико барои таҳвили силоҳ ба мухолифони давлат дар Венесуэла хабар дод.
Мухолифони давлати Венесуэла 23 –юми феврал талош карданд кумакҳои ба истилоҳ башардӯстонаи Амрикоро вориди Венесуэла кунанд, ки бо мухолифати мақомоти Венесуэла ва шахси Николас Мадуро, раисҷумҳурии қонунии ин кишвар аз вуруди ин маҳмула ба хоки Венесуэла ҷилавгирӣ шуд.
Мадуро кумакҳои башардӯстонаро пӯшише барои таҳоҷум алайҳи Венесуэла хонд.