Шаҳодати Майкл Коэн ва дардисари ҷадид барои Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42079-Шаҳодати_Майкл_Коэн_ва_дардисари_ҷадид_барои_Трамп
Раиси Кумитаи ислоҳот ва назорати Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, шаҳодати Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, нигаронии амиқеро дар бораи ваҷоҳати қонунии рафтори раисҷумҳури Амрико ба вуҷуд овардааст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 28, 2019 10:35 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати Майкл Коэн ва дардисари ҷадид барои Трамп

Раиси Кумитаи ислоҳот ва назорати Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, шаҳодати Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, нигаронии амиқеро дар бораи ваҷоҳати қонунии рафтори раисҷумҳури Амрико ба вуҷуд овардааст.  

Лиҷа Комингз дар ҷаласаи шунидани Майкл Коэн тасреҳ кард, аснод ва шавоҳиди ироашуда аз сӯи Майкл Коэн сабаби нигарониҳои қонунӣ ва ахлоқӣ дар бораи иқдомоти раисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ва қабл аз он шудааст.

Майкл Коэн раисҷумҳури Амрикоро фарде дағалбоз, нажодпараст ва мутаққаллиб хонд.