Феврал 28, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
  • Русия омодаи миёнҷигарӣ байни Ҳинд ва Покистон аст

Вазири хориҷаи Русия ми‎гуед, чунончи Ҳинд ё Покистон мувофиқ бошанд, Маскав омодагии минаравӣ барои таниш‎зудоӣ миёни онҳоро дорад.

Русия барои миёнҷигарӣ дар ростои таниш‎зудоӣ миёни Покистон ва Ҳинд эъломи омодагӣ кард.

Гуфтанист, ин пешниҳод замоне матраҳ шуд, ки Имрон Хон, нахуст‎узири Покистон аз тасмим барои озодии халабони ҳиндӣ хабар дод, ки рӯзи гузашта дар асари суқути ҳавопаймояш дар минтақаи Кашмир, ба асорати Ислом‎обод даромад.

Русия ба далели тиҷорати таслиҳотӣ робитаи бисёр хубе бо Ҳинд дорад, ҳол он ки дар сол‎ҳои ахир робитаи гармтаре бо Покистон низ пайдо кардааст.

ТАСС ба нақл аз Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия навишт: “Миёнаравӣ ба шарте анҷом мешавад, ки аз Маскав барои ин кор дархост шавад”.

Гуфтанист, таниши Исломобод - Деҳлӣ аз ду ҳафтаи пеш бо ҳамла ба корвони низомии Ҳинд дар 14 феврал ва кушта шудани 44 низомӣ ва захмӣ шудани 20 тани дигар дар минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд оғоз шуд.

Покистон иддаои даст доштан дар ин ҳамларо, ки аз сӯи мақомоти ҳиндӣ матраҳ мешавад, рад кардааст. Дар посух ба ин ҳамла, Ҳинд як урдугоҳ дар минтақаи таҳти контроли Покистон дар Ҷому ва Кашмирро ҳадаф қарор дод.

Рӯзи гузашта, ин таниш бо сарнагун шудани як ҷангандаи ҳиндӣ ба авҷ расид.

 

Барчасп