Март 03, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии вазири хориҷаи Покистон барои музокира бо Ҳинд

Вазири хориҷаи Покистон бо эъломи ин ки давлаташ таҳти фишор халабони ҳиндиро озод накардааст, гуфт: Мо барои музокира бо Деҳлии Нав омода ҳастем.

Ба гузориши хабаргузори Тасним, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ вазири хориҷаи Покистон эълом кард: Исломобод барои озод кардани халабони ҳиндӣ таҳти ҳеҷ фишоре набуд ва ин амал танҳо барои исботи ҳусни ният ва сулҳ дар минтақа анҷом шуд.

Вай тасреҳ кард: Муддатҳост сиёсати Исломобод мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ буда ва амнияти кунунӣ низ натиҷаи ҷанг бо террористҳо аст.  Қурайшӣ гуфт: Борҳо таъкид кардаем, агар Ҳинд нисбат ба ҳузури “Ҷайши Муҳаммад” дар хоки Покистон мустанадоте дорад, метавонад онҳоро ироа кунад, то алайҳи террористҳо амалиёт анҷом диҳем.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард: Ба ҳеҷ гурӯҳе иҷоза намедиҳем амнияти кишварҳои ҳамсояро аз хоки кишвари мо ба чолиш бикашад.

Дар як ҳафтаи ахир пас аз ҳодисаи террористии Кашмир, ки мунҷар ба кушта шудани 44 низомии ҳиндӣ шуд, равобити миёни Покистон ва Ҳинд ба шиддат муташанниҷ шудааст.

Бо ин ҳол бо озодии халабони дастгиршудаи ҳиндӣ тавассути Покистон шароит андаке оромтар шудааст ва ду кишвар дар талош барои музокира ҳастанд.

 

Барчасп