Март 05, 2019 14:37 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи чанд вагони қатори мусофирбарӣ аз масири ҳаракат дар Покистон

Инфиҷори бомб дар ҷанубу ғарби Покистон боиси хурӯҷи чанд вагони қатори мусофирбарӣ аз масири ҳаракат шуд.

Ба гузориши ИРНА, инфиҷори бомби ҷосозишуда дар як мототсикл дар минтақа марзии Чаман, дар иёлати Балучистон, ҷанубу ғарби Покистон боиси хурӯҷи чанд вагони қатори мусофирбарӣ аз масири ҳаракат ва мухтал шудани барномаҳои қатор дар ин иёлат шуд. Пулиси Покистон эълом кард, бар асари ин инфиҷор, ки субҳи имрӯз (се шанбе) дар наздикии хати оҳани қатори мусофирбарии “Ҷаъфар экспресс” ва поёнаи автобус рӯй дод, дастикам панҷ нафар захмӣ шуданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.