Март 06, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷанги лафзӣ байни Ҳиллари Клинтон ва Трамп

Вазири собиқи умури хориҷаи Амрико ба мавзеъгириҳои раисҷумҳури ин кишвар вокуниш нишон дод.

Ба гузориши рӯзномаи “Ю Эс Эй Тудей”, Ҳиллари Клинтон, рақиби демократи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар интихобота раёсати ҷумҳурии соли 2016 ба твити таънаомези трамп дар бораи ширкат накардани вай (Ҳиллари) дар интихоботи соли 2020 вокуниш нишон дод.

Клинтон навишт, мушаххас нест чаро зеҳни Трамп ҳанӯз ва то ин ҳад бо мавзӯоти интихобот даргир аст.

Ҳиллари Клинтон, ки аз мунтақидони давлати кунунии Вашингтон аст, таъкид кард, он чи акнун дар Амрико шоҳиди он ҳастем, бисёр нигарон кунанда аст.

Трамп дирӯз, сешанбе дар паёме твиттери ба ширкат накардани Ҳиллари Клинтон дар рақобатҳои интихоботӣ вокуниш нишон дод ва навишт, Ҳалларии шайёд таъйид кард, ки дар интихоботи 2020 ширкат намекунад.

Трамп дар идома навишт, Ҳиллари таъйид кард, барои севумин бор барои вуруд ба кохи Сафед номзад намешавад ва ин ба он маъност, ки вай (Трамп) қарор нест дубора бо ӯ рақобат кунад.

Трамп дар идома бо лаҳне таънаомез навишт, ба шиддат ҷойи холии ӯ (Ҳиллари) ҳис хоҳад шуд.

Вокуниши Ҳиллари Клинтон ба твити Трамп бо мавҷе аз вокунишҳо аз сӯйи корбарони шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳамроҳ шуд, ки ҳар як бо интишори тасвир, аксҳои мутаҳаррик ва ибороте ба интиқод аз Трамп пардохтанд.

 

 

 

Барчасп