Март 07, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Ихтори ҷиддии Ҳинд ба Покистон барои поймолсозии оташ бас

Вазорати дифои Ҳинд ба Покистон дар хусуси поймолсозии оташ бас дар хатти контроли Кашмир ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНО, Вазорати дифои Ҳинд рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо муттаҳам кардани Покистон ба поймолсозии оташ бас байни ду кишвар ва тирпаронии бедалил дар хатти контроли Кашмир, ба Исломобод ҳушдор дод, идомаи ин иқдомоти таҳрикомез, оқибатҳои вахиме хоҳад дошт ва Диҳлии нав ба он қотиона посух хоҳад дод.

Дар баёнияи Вазорати дифои Ҳинд омадааст дар 24 соати гузашта артиши Покистон иқдом ба ҳадаф қарор додани минтақаҳои низомӣ ва ғайри низомии Ҳинд дар хати контроли Кашмир кардааст. Артиши Ҳинд қотиона ба ин тирпаронӣ посух дод.

Ба рағми тавофуқномаи оташ бас байни Ҳинд ва Покистон дар соли 2003, ду кишвар якдигрро  ба поймолсозии оташ бас дар хатти контроли Кашмир муттаҳам мекунанд.

Даври нави таниш миёни Ҳинд ва Покистон, дар пайи ҳамлаи террористии 14 феврали гуруҳи террористии Ҷайш Муҳммад ба низомиёни ҳиндӣ дар минтақаи Палвомаи Кашмир ва кушта шудани камаш 44 тан аз онҳо оғоз шуд.

Пас аз ин ҳамла, ҷангандаҳои ҳиндӣ ба мавзеъҳои гуруҳҳои террористии мустақар дар Покистон ҳамла карданд ва Диҳлии нав муддаӣ шуд дар ин ҳамла ҳудуди 300 тан кушта шуданд, аммо Исломобод онро рад кард.

 

Барчасп