Талоши Ҳинд барои тамдиди муофият аз иҷрои таҳримҳои нафтии зидди Эрон
Манобеи огоҳ дар давлати Ҳинд эалом карданд, ин кишвар тало мекунад то бо тамдиди муофияти худ аз иҷрои таҳримҳои нафтии Амрико зидди Эрон, ҳамчунон ба воридоти нафт аз Эрон идома диҳад.
Манобеи огоҳ дар давлати Ҳинд эалом карданд, ин кишвар дар ҳоли музокира бо Кохи Сафед аст, то бо тамдиди муофияти худ аз иҷрои таҳримҳои нафтии якҷонибаи Амрико зидди Эрон ҳамчунон ба воридоти нафт аз Эрон дар сатҳи кунунӣ (300 ҳазор бушка дар рӯз) идома диҳад.
Амрико ҳаштуми моҳи майи 2018 бо хурӯҷ аз БАРҶОМ бори дигар таҳримҳои худ зидди Эронро эамол ва таҳдид кардааст, ҳар кишвареро, ки ба хариди нафт аз Эрон идома диҳад, таҳрим хоҳад кард.
Пайравӣ накардани бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Чин, Русия, Ҳинд ва Туркия аз таҳримҳои Амрико ва мухолифат бо он, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро маҷбӯр ба ақибнишинӣ аз бархе таҳримҳо кард.
Саранҷом Амрико дар моҳи ноябри 2018 ба ҳашт кишвар шомили Чин, Ҳинд, Италия, Юнон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва ҳамчунин ҷазираи Тайван муофиятҳои муваққатии шашмоҳа дод, то битавонанд ба хариди нафти Эрон идома диҳанд