Истеъфои дигар дар Кохи Сафед
Дар идомаи сериёли канорагириҳои мақомоти Кохи Сафед, мудири равобити умумии ин ниҳод низ аз симати худ истеъфо кард.
Ба гузориши шабакаи хабарии Фокснюс, Соро Сендерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе эълом кард, Бил Шайн, мудири равобити умумии Кохи Сафед расман аз симати худ истеъфо кардааст.
Бил Шайн, ки замоне раёсати шабакаи хабарии Фокснюси Амрикоро низ бар ӯҳда доштааст, аз ин пас ба унвони мушовири аршади Ситоди интихоботии Трамп барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 фаъолият хоҳад кард.
Кохи Сафед аз замони оғоз ба кори Трамп дар мақоми раисҷумҳурӣ, шоҳиди тағйироти зиёде будааст.
Аз ҷумлаи ин тағйирот метавон ба канор рафтани Шан Спойср, аввалин сухангӯи Кохи Сафед дар давлати Трамп, Ҳуп Ҳикс, узви равобити умумии Кохи Сафед ва Антони Скоромучи, мудири собиқи иртибототи Кохи Сафед ишора кард.