Таъкиди бозраси вижаи Амрико бар ҳадар рафтани миллиардҳо доллар дар Афғонистон
(last modified 2016-09-15T12:03:10+00:00 )
Сентябр 15, 2016 17:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди бозраси вижаи Амрико бар ҳадар рафтани миллиардҳо доллар дар Афғонистон

Бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон аз ҳадар рафтани миллиардҳо доллар дар ин кишвари ҷангзада хабар дод.

Ба гузориши Пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Ҷон Сопко-бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон таъкид кард, давлати Амрико даҳҳо миллиард доллар ба низоми фосиди Афғонистон тазриқ карда, аммо ин мизон на фақат дар бахшҳои мавриди назар ҳазина нашуда, балкӣ бар асари вуҷуди фасоди идорӣ, ҳайф ва майл шудааст.

Вай изъон кард, Амрико бо гурӯҳҳои мухолифи давлати Афғонистон аз ҷумла Толибон ҳамкорӣ мекунад ва чашмони худро бар фасод дар ин кишвари ҷангзада бастааст.

Сопко гуфт, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ду соли гузашта гомҳое барои мубориза бо фасоди идорӣ бардошта, вале ихтилофоти дохилӣ сабаб шудааст, ки натиҷаи матлуб ҳосил нашуд.

Бархе мақомоти кунунӣ ва собиқи Афғонистон аз ҷумла Ҳомид Карзай раисиҷумҳури пешини ин кишвар, зимни эътироф ба фасоди идорӣ гуфтаанд, ки кумакҳое, ки аз сӯи кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Амрико ба Афғонистон сурат гирифта, фақат 30 дарсади он дар давлати Ашраф Ғанӣ ҳазина шудааст ва 70 дарсади онро кишварҳои кӯмакдиҳанда ё муассисаҳои ғайридавлатии ин кишвар ҳазина кардаанд.

 

Барчасп