Посухи Эрдуғон ба ҷангафрӯзӣ алайҳи мусулмонон
(last modified Sun, 17 Mar 2019 07:29:40 GMT )
Март 17, 2019 12:29 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрдуғон ба ҷангафрӯзӣ алайҳи мусулмонон

Раиси ҷумҳурии Туркия гуфт: Рушд ва пешрафти кишварҳои исломӣ аз ҷумла Туркия барои пасмондаҳои ҷангҳои салибӣ ғайри қобили пазириш аст.

Ба гузориши ИСНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон хитоб ба тарафдорони ҷангҳои салибӣ ва ҳомиёни онҳо афзуд: Бо вуҷуди мухолифатҳои шумо, Анкара аз Қудс ва Ғазза дифоъ карда ва садои кӯдакони яманӣ, ниёзмандони сурияӣ ва гуруснагони африқоиро ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расонд.

Суханони Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия дар вокуниш ба баёнияи 74-сафҳаии Брентон Таррант омили ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шаҳри Крайстчерчи  Зеландияи Нав баён шуд, ки хитоб ба мардуми Туркия гуфта буд: Метавонед дар хоки худ бо оромиш зиндагӣ кунед, дар самти шарқ ба шумо осебе нахоҳад расид, аммо дар самти Ғарб (бахши аврупоии Истамбул) ва на дар Аврупо ҷоеро барои зиндагӣ имтиҳон накунед, зеро шуморо хоҳем кушт.

Ҷумъаи гузашта афроде ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи  Зеландияи Нав, мардум ва намозгузоронро тирборон карданд, ки дасти кам 50 нафар дар ин ҳодиса кушта шуданд.

Омили аслии ин ҳамлаи террористӣ як марди бистуҳаштсолаи австралияӣ бо табори англисӣ эълом шуда, ки пештар борҳо дар сафаҳаҳои маҷозии худ аз ҳузури муҳоҷирони мусулмон дар сарзаминҳои аврупоӣ ибрози хашм карда буд.