Март 19, 2019 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни муштарки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Беларус

Ҷашни бошукуҳи наврӯзӣ рӯзи душанбе 18 март, дар остонаи ҳулули соли 1398 дар Беларус баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории ИКНО, ҷашни бошукуҳи наврӯзӣ дар остонаи соли 1398 ва Наврӯз 2019 бо талоши сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Минск ва ҳамкории сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Русия ва намояндагии кишварҳои муштаракул манофеъ дар Беларус баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури сафирон, депломатҳо ва намояндагоне аз вазоратхонаҳо ва созмонҳои мухталифи беларусӣ дар ҳотели Мариюти Минск баргузор шуд, намояндагони ҳар як аз кишварҳои ёдшуда ба иҷрои мусиқии зинда ва пахши намоҳангҳое аз ойинҳои наврӯзӣ дар кишвари худ пардохтанд.

Дар ин маросим ҳамчунин намоишгоҳи саноати дастӣ ва ҳунарии Наврӯз баргузор шуд, ки дар ин миён маҷмуъаи барномаҳои сафорати Эрон мавриди истиқболи меҳмонон қарор гирифт.

Дар поёни маросим ба сурати муштарак бо ғизоҳои миллӣ ва суннатии ҳар кишвар аз меҳмонон пазироӣ шуд.

Ин ҷашн аввалинбор аст, ки бо ҳамоҳангиҳои чандмоҳа байни сафоратхонаҳои ҳавзаи Наврӯз дар Минск баргузор мешавад.