Март 25, 2019 18:29 Asia/Dushanbe

Ҷашни Наврӯз бо мушорикати 14 кишвари ҳавзаи Наврӯз ба мизбонии шаҳрдори Маскав дар парки ВДНХ - и ин шаҳр оғоз шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар ин ҷашнвора кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳинд, Туркия, Мақдуния, Албания, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон ва низ Тотористон, Бошқиристон ва Доғистони Русия бо барпоии ғурфаҳое, одоб ва русуми вижаи кишвари худро дар ин ойини куҳан ба намоиш гузоштаанд.

Image Caption

 

Баргузории бозиҳои бумӣ ва маҳаллӣ, ҷашнвораи ғизоҳои миллӣ, мусиқии суннатии ақвом ва фарҳангҳо, саноеи дастӣ ва намоиши либосҳои маҳаллӣ аз барномаҳои ин ҷашни бузург аст.

Шаҳрдории Маскав барои даҳумин сол паёпай мизбонии ҷашни бузурги Наврӯзро бар уҳда дорад.

 

Барчасп