Март 26, 2019 17:29 Asia/Dushanbe
  • Дархости афви байналмилал барои таваққуфи фурӯши силоҳ ба Риёз

Созмони афви байналмилал дар гузорише аз кишварҳои ғарбӣ хост то фавран фурӯши силоҳ ба Арабистон ва Аморотро мутаваққиф кунанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, Созмони афви байналмилал дар гузорише эълом кард: Кишварҳои ғарбӣ ҳамчунон ба Арабистон ва Аморот силоҳ мефурӯшанд ва ин дар ҳоле аст, ки далоили зиёде, нишондиҳандаи истифода аз ин таслиҳот дар ҷиноятҳои ҷангии эътилофи Саудӣ зидди Яман вуҷуд дорад.

Созмони афви байналмилал таъкид кард: Кишварҳои ғарбӣ бояд ба ҷойи суди ҳосил аз фурӯши ҷангафзор, ҳуқуқи башар, зиндагии миллионҳо ғайринизомии яманӣ ва низ тааҳҳудоти қонуниашонро дар авлавият қарор диҳанд.

Бинобар эъломи ин ниҳоди байналмилалӣ, яманиҳо пас аз чаҳор сол ҳамлаҳои эътилофи Саудӣ зидди Яман, дигар наметавонанд осори фоҷиабори ҳамалоти этилофи Саудиро таҳаммул кунанд.

Пештар низ ниҳодҳои байналмилалӣ аз кишварҳои ғарбӣ хоста буданд то фурӯши таслиҳот ба Арабистон ва Аморотро мутаваққиф кунанд ва бо вуҷуди инки бархе аз кишварҳо аз ҷумла Олмон аз таълиқи фурӯши силоҳ ба Арабистон ва Аморот хабар дода буданд, аммо гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ин кишварҳо ба фурӯши ҷангафзор ба Арабистон ва Аморот идома медиҳанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ин ҷангафрӯзӣ то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор Яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп