Як пирӯзии ҳуқуқии дигар барои Эрон дар баробари Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42740-Як_пирӯзии_ҳуқуқии_дигар_барои_Эрон_дар_баробари_Амрико
Як додгоҳ дар Люксембург рӯзи чаҳоршанбе дархости Амрикоро барои мусодираи 1.7 миллиард доллар аз дороиҳои Эрон ва додани он ба хонаводаи қурбониёни ҳамалоти террористии 11 – уми сентябри соли 2001 рад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2019 13:11 Asia/Dushanbe
  • Як пирӯзии ҳуқуқии дигар барои Эрон дар баробари Амрико

Як додгоҳ дар Люксембург рӯзи чаҳоршанбе дархости Амрикоро барои мусодираи 1.7 миллиард доллар аз дороиҳои Эрон ва додани он ба хонаводаи қурбониёни ҳамалоти террористии 11 – уми сентябри соли 2001 рад кард.

Ба гузориши ИРНА, ин додгоҳ эълом кард, далоиле, ки Амрико барои лағви масунияти Бонки марказии Эрон ба он истинод карда буд, мутобиқ бо қонунҳои байналмилалӣ нест.

Дороии Бонки марказии Эрон дар Люксембург бо дархости як додгоҳи амрикоӣ ва ба баҳонаи даст доштани Эрон дар ҳамалоти 11 –уми сентябр тавқиф шуда буд.

Иддаои хандаовари Вашингтон дар бораи нақш доштани Эрон дар ҳамалоти террористии 11 – уми сентябр комилан хилофи иттилооте аст, ки гурӯҳи таҳқиқ ва тафаҳҳуси Конгресси Амрико мунташир кардааст.

Дар бахше аз асноди ин гурӯҳ, ки соли 2017 мунташир шуд, омадааст: 15 нафар аз 19 ҳавопайморабое, ки ҳамалоти 11 сентябрро анҷом доданд, шаҳрванди Арабистон ва ду нафар низ шаҳрванди Иморот буданд, ки аз сӯйи афроде, ки бо мақомоти Арабистон ва Иморот муртабит буданд, пуштибонӣ ва ҳимояти молӣ шудаанд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди панҷшанбе дар вокуниш ба ҳукми додгоҳи Люксембург ба суди Бонки марказии Эрон гуфт, даврони яккатозӣ ва зӯрмадории Амрико нисбат ба дигар кишварҳо сипарӣ шудааст.

Вай афзуд, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бояд биёмӯзад, ки Эрон ва мардуми ҳушманд ва бузурги он бо дигар кишварҳое, ки сарвати кишвар ва миллати худро тақдими амрикоиҳо мекунанд то аз “имтиёзи ҳимоят” ва “амнияти иҷораӣ” бархурдор шаванд, комилан тафовут доранд.