Мавзеъгирии Трамп алайҳи муҳоҷирон
(last modified Sun, 31 Mar 2019 05:52:21 GMT )
Март 31, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии Трамп алайҳи муҳоҷирон

Раиси ҷумҳурии Амрико бори дигар хостори муқобила бо вуруди муҳоҷирон аз марзи Мексика шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе дар паёме твиттерӣ навишт, марокизи боздоштгоҳии Амрико ба ҳадди аксари зарфияти худ расидаанд ва дигар ҳеҷ муҳоҷири ғайриқонуниро намепазирад.

Трамп дар ин паём муддаӣ шуд, ки Мексика бояд аз қавонини муҳоҷиратии бисёр қавии худ барои мутаваққиф кардани талоши ҳазороннафарӣ истифода кунад, ки талош мекунанд вориди хоки Амрико шаванд.

Раиси ҷумҳурии Амрико, дар идома навишт, бастани марз аз вуруди маводи мухаддир аз Мексика ба хоки Амрико ҷилавгирӣ мекунад.

Бар асоси оморҳои мунташиршуда, бо вуҷуди сиёсати сахтгиронаи Трамп, шумори муҳоҷироне, ки бидуни мадорики лозим ба Амрико ворид шудаанд, бештар низ шудааст.

Буҳрон бар сари сохти девори марзӣ бо Мексика, ҳамчунон идома дорад ва сабаби ташдиди ихтилоф байни намояндагони маҷлиси Амрико аз ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ бо давлати Трамп шудааст.