Март 31, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Словакия

Вакили тозакор дар арсаи сиёсат раисҷумҳури Словакия шуд.

Ба гузориши “Рейтерз”, Зузана Чапутова, ҳуқуқдон рӯзи шанбе дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Словакия ба пирӯзӣ расид ва ба унвони раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар интихоб шуд.

Бар асоси натоиҷи расмии мунташиршудаи рӯзи шанбе, баъд аз шумориши 98 дарсади оро Зузана Чапутова бо 58 дарсади ороъ дар муқобили 41 дарсади орои рақибаш Мараш Шефчович, дипломат ва муовини собиқи раиси Комиссияи Аврупо дар умури энержӣ пештоз буд. Чапутова дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Словакия дар 16-уми марти соли 2019 низ 40 дарсади ороро ба даст овард, дар ҳоле ки Шефчович 18 дарсади ороро касб карда буд. Зузана Чапутова аз сӯйи як ҷунбиши миллии муқобила бо фасод мавриди ҳимоят қарор гирифт ва пас аз касби пирӯзӣ дар интихобот таъкид кард, ба дунболи поён додан ба фасод аст.

Бар асоси Қонуни Асосии Словакия, раисҷумҳур дар идораи умури рӯзмарраи кишвар нақше надорад, аммо дорои ҳаққи вето дар таъйини додситонҳо ва қозиҳо аст, ки барои мубориза бо фасод аҳамияти асосӣ дорад.