Чаҳор кушта дар интихоботи сиюми марти Туркия
(last modified Mon, 01 Apr 2019 10:50:16 GMT )
Апрел 01, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор кушта дар интихоботи сиюми марти Туркия

Дар даргирии миёни аҳзоби ширкаткунанда дар интихоботи рӯзи якшанбеи шаҳрдориҳо дар Туркия, чаҳор нафар кушта шудаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, дар ин даргириҳо ду нозири Ҳизби саодат дар вилояти Молотё кушта шудаанд.  

Дар интихоботи рӯзи 30 марти Туркия ҳамчунин ду нафар дар як ҳавзаи раъйгирӣ дар Истанбул кушта шудаанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия кушта шудани ду узви Ҳизби саодатро дар Молотё маҳкум кард.

Интихоботи шаҳрдориҳо ва шӯроҳои маҳаллии Туркия рӯзи якшанбе, 30 март дар 81 вилояти ин кишвар баргузор шуд ва бар асоси натиҷаҳои эъломшуда, дар се шаҳри бузурги Анкара, пойтахт, Анталия ва Измир, намояндагони мухолифон, яъне Ҳизби ҷумҳурии халқ бар ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеа пирӯз шуданд.

Аммо дар шаҳри Истанбул ҳизби Эрдуғон танҳо бо ихтилофи 0.05 дарсад пирӯз шуд ва шаҳрдории ин шаҳри бузург ба ҳизби ҳоким расид

Дар ин интихобот номзадҳое аз 13 ҳизб ҳузур доштанд.