Сентябр 17, 2016 11:55 Asia/Dushanbe
  • Нишонагирии 200 кулоҳаки ҳастаии режими саҳюнистӣ ба самти Теҳрон

Колин Пауэл, вазири хориҷаи пешини Амрико дар номаи электрони (эмейл)- е ба яке аз ҳамкоронаш эътироф карда, ки Исроил 200 кулоҳаки ҳастаӣ дар ихтиёр дорад, ки ҳамаи онҳоро ба самти Теҳрон нишонагирӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", ҷузъиёти як роённома (эмейл) –и мутааллиқ ба Колин Пауэл, вазири умури хориҷаи пешини Амрико ифшо мекунад, ки режими саҳюнистӣ 200 кулоҳаки атомӣ дар ихтиёр дорад, ки тамоми онҳоро ба самти Теҳрон нишона гирифтааст.

Пауэл дар ин номаи ифшошуда, хитоб ба Ҷефри Лидз, яке аз шарикони тиҷории худ менависад: "Ба ҳар ҳол эрониён агар ҳам як силоҳи ҳастаӣ бисозанд, наметавонанд аз он истифода кунанд, зеро мақомоти Эрон медонанд, ки Исроил 200 кулоҳаки атомӣ дар ихтиёр дорад, ки тамоми онҳо ба самти Теҳрон нишона гирифтааст ва мо (Амрико) низ ҳазорон кулоҳаки атомӣ дар ихтиёр дорем".

Ахиран як гурӯҳи корӣ маҷмӯае аз эмейлҳои шахсии Пауэлро ба сурати умумӣ мунташир кардаанд.

Бархе аз ин номаҳо дорои иттилооти ҳассос ва ҷанҷолбарангез аст.