Апрел 08, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Таъмини амнияти «ТАПИ» бо вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ дар Покистон имконпазир нест

Коршиноси масоили низомии Покистон гуфт, шаке нест, ки газ ниёзи Покистон аст, аммо таъмини амнияти хатт лӯлаи ТАПИ ба иллати вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ имконпазир нест.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эҳсон Алишоҳ, коршиноси масоили низомии Покистон изҳор дошт: Агар Эрон дар каридори иқтисодии Чин мушорикат кунад, имкони дарёфти газ ва густариши равобити тиҷорӣ бо ин кишвар низ фароҳам мешавад.

Коршиноси низомии Покистон афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳалли мушкилоти иқтисодӣ барои давлати Покистон авлавият дорад ва марҳалаи баъдӣ ҷуброни камбуди энержӣ аст, ки баъд аз беҳбуди шароити иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад ва воридоти газ аз Эрон баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, шакке нест, ки газ ниёзи Покистон аст, аммо таъмини амнияти хатти лӯла ТАПИ ба иллати вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ имконпазир нест.

Агар Покистон битавонад амнияти хатти лӯлаи гази воридотӣ аз Эронро тазмин кунад дар ин замина вориди амал хоҳад шуд. Алишоҳ тасреҳ кард, Толибон ҳозир ба музокира бо давлати Афғонистон набуданд ва мехостанд фақат бо Амрико ба тавофуқ бирасанд, аммо Покистон ба кумаки Русия онҳоро муҷоб кард, ки бояд бо ҳамаи гурӯҳҳо музокира кард. Покистон бо озодии Мулло Бародар нақши худро дар музокироти Қатар ифо кард. Ба гуфтаи вай, ҳалли мушкилоти Покистон аз ҷумла терроризм ва рафъи монеаҳо ва густариши тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гарави амнияти Афғонистон аст ва сулҳ дар Афғонистон низ бидуни кумаки Эрон имконпазир нахоҳад буд.