Июл 14, 2016 10:14 Asia/Dushanbe
  • Парчами режими саҳюнистӣ дар Қоҳира ба оташ кашида шуд

Ҷамъе аз рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсии Миср, парчами режими саҳюнистиро дар эътироз ба сафари Сомеҳ Шукрӣ -вазири умури хориҷаи Миср ба сарзаминҳои ишғолӣ оташ заданд.

Ба гузориши "ал Мисриюн", теъдоде аз рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсии Миср рӯзи чаҳоршанбе, дар эътироз ба сафари Сомеҳ Шукрӣ вазири умури хориҷаи ин кишвар ба сарзаминҳои ишғолӣ ва дидори вай бо Натаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ, парчами ин режимро дар муқобили Иттиҳодияи рӯзноманигорон оташ заданд.

Ин дар ҳоле аст, ки нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Миср тадобири амниятии шадидеро дар атрофи Иттиҳодияи рӯзноманигорон дар Қоҳира ба иҷро гузошта ва монеъ аз вурӯди афрод ба мақари ин иттиҳодия мешуданд. Фаъолони мисрӣ пеш аз ин баргузории тазоҳурот дар муқобили Иттиҳодияи рӯзноманигоронро дар эътироз ба сафари ҷанҷолбарангези Сомеҳ Шукрӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ хостор шуда буданд.

Равобити Миср ва режими саҳюнистӣ аз замони ба қудрат расидани Абдулфаттоҳ Сисӣ-раисҷумҳури кунунии Миср беҳбуд пайдо карда ва сафорати Тел Авив дар Қоҳира бозгушоӣ шуд.

Лозим ба зикр аст, ки Сомеҳ Шукрӣ вазири хориҷаи Миср рӯзи якшанбеи гузашта дар сафар ба Қудси ишғолӣ бо Бинёмин Натаняҳу дидор кард.