Сентябр 17, 2016 14:24 Asia/Dushanbe
  • Амрико ва НАТО масъули авзои вахими Афғонистон ҳастанд

Давлати Русия, Амрико ва НАТО-ро масъули вахомати авзои амниятии Афғонистон эълом кард.

Намояндаи доими Русия дар Созмони милал дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон бо ишора ба авзои вахими амниятӣ ва афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон, Амрико ва НАТО-ро омили ин вазъият донист.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Виталий Чуркин гуфт, дар манотиқи мухталифи Афғонистон ноамниҳо густариш ёфтааст ва ҷанг ҳамчунон идома дорад ва ҳеч умеде ба беҳбуди авзоъ дар Афғонистон нест.

Чуркин ҳамчунин дар ин нишаст аз густариши нуфузи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ду рӯзи қабл низ Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфта буд, ҳамакнун ду ҳазору 500 диишӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва Амрико масъули ноамниҳои ин кишвар аст.