Сентябр 17, 2016 14:39 Asia/Dushanbe
  • Маскав мизбони нишасти ояндаи сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Нишасти ояндаи сарони кишварҳои мустақил дар октябри соли 2017 ба мизбонии Маскав баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мизбонии Русия дар иҷлоси ояндаи сарони ин кишварҳо хабар дод.

Дар нишасти сарони ин иттиҳод дар Бишкек раёсати ин ниҳод ба Русия таҳвил дода мешавад.

9  кишвар, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова узви аслии ИДМ ҳастанд ва Туркманистон низ узви нозири ин созмон ба шумор меояд.

Ҳамчунин Украина дар 19-уми марти соли 2014 эълом кард, ки ба далели пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия, аз ин иттиҳод хориҷ хоҳад шуд.