Кашфи бомб наздики фурудгоҳи Коломбо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43222-Кашфи_бомб_наздики_фурудгоҳи_Коломбо
Пулиси Шри-Ланка аз кашф ва безарар гардондани бомбе дар наздикии фурудгоҳи Коломбо пойтахти ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 22, 2019 13:46 Asia/Dushanbe
  • Кашфи бомб наздики фурудгоҳи Коломбо

Пулиси Шри-Ланка аз кашф ва безарар гардондани бомбе дар наздикии фурудгоҳи Коломбо пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёддин, пулиси Шри-Ланка рӯзи душанбе эълом кард, ин бомб наздики фурудгоҳи Коломбо пеш аз таркиш тавассути нерӯҳои амниятӣ кашф ва безарар гардонида шуд.

Бар асоси охирин гузоришҳо, бар асари таркишҳои паё пай ҳамзамон бо ҷашни иди поки масеҳиён дар бархе аз калисоҳо ва ҳотелҳои шаҳри Коломбо пойтахти Шри-Ланка зиёда аз 290 тан кушта ва 400 тани дигар низ захмӣ шуданд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим аст.

Даҳҳо тан аз куштаҳо ва захмиҳои ин ҷиноёт зан, кӯдак ва атбоъи хориҷӣ ҳастанд.

Ҳарчанд то кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро бар уҳда нагирифта аммо пулиси Шри-Ланка то кунун 13 нафарро дар ин иртибот дастгир кардааст. Бисёре аз мақомоти баландпояи кишварҳои мухталиф зимни маҳкум кардани ин ҷиноят, хашм ва танаффури худро дар куштори инсонҳои бегуноҳ эълом ва бо онон ибрози ҳамдардӣ кардаанд.