Апрел 22, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти 24 ғайринизомии асири ДИИШ дар Афғонистон

Нерӯҳои амниятии афғон дар вилояти Нангарҳори Афғонистон дар амалиёте муваффақиятомез 24 ғайринизомиро, ки ба дасти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ рабуда шуда буданд, наҷот доданд.

Ба гузориши ИРНА, Атовулло Хугиёнӣ, сухангӯи устондори вилояти Нангарҳор рӯзи душанбе гуфт, ин гаравгонгирӣ бо талоши нерӯҳои амниятии афғон поён ёфт ва ҳар 24 гаравгон аз чанги ДИИШ наҷот ёфтанд.

Ба гуфтаи вай, се узви ДИИШ ва як ғайринизомӣ дар ин даргириҳо захмӣ шуданд.

Террористҳои ДИИШ дар бархе аз манотиқи дурафтодаи вилояти Нангарҳор фаъолият мекунанд ва ағлаб алайҳи давлат ва ниҳодҳои амниятӣ ва ҳамчунин сокинони маҳаллии ин вилоят ба иқдомоти террористӣ рӯй меоварданд.