Норизоятии Кореяи Ҷанубӣ аз идомаи таҳрими нафтии Амрико зидди Эрон
Ҳайате аз Кореяи Ҷанубӣ барои музокира бо мақомоти Амрико дар бораи тасмими Сеул барои идомаи хариди нафт аз Эрон, ҳафтаи оянда ба Вашингтон сафар мекунад.
Ба гузориши “Юнҳоп”, як мақоми Вазорати умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ, ки хост номаш фош нашавад, рӯзи сешанбе эълом кард, ҳадаф аз эъзоми ҳайати ин кишвар ба Вашингтон, мушовира бо Амрико дар бораи хости Кореяи Ҷанубӣ барои идомаи хариди нафт аз Эрон аст.
Давлати Кореяи Ҷанубӣ пеш аз ин бо судури баёнияе эълом карда буд, ба талошҳояш барои тамдиди муофияти хариди нафти Эрон дар замони боқимонда то дувуми май идома хоҳад дод.
Амрико тасмим гирифтааст, иҷозаи муофияти ҳашт кишварро барои хариди нафти Эрон, ки пештар содир шуда буд, тамдид накунад.
Ин тасмими Амрико мавриди эътирози кишварҳое монанд Чин, Ҳинд ва Туркия қарор гирифтааст.