Апрел 25, 2019 11:28 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шикасти ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон дар саҳрои Табас

Имрӯз, 25 апрели 2019 солрӯзи шикасти ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон дар саҳрои Табас, шарқи Эрон аст.

39 сол пеш дар 25 апрели 1980, Амрико бо теъдоде болгард ва ҳавопаймо хоки Эронро мавриди ҳамлаи низомӣ қарор дод.

Давлати Амрико, ки аз тарфандҳои мухталифи худ дар чорчуби шикасти низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ба натиҷае нарасида буд, ба қасди раҳоии афроде, ки дар тасхири лонаи ҷосусии Амрико (сафорати собиқи Амрико дар Эрон) дар 4 ноябри 1979 дастгир шуда буданд, ба Эрон ҳамла кард.

Ҳамлаи низомӣ ба Табас бо вуҷуди  барномарезии дақиқ, таҷҳизоти пешрафта ва тамринҳои зиёде, ки амрикоиҳо дар маконҳои мушобеҳ анҷом дода буданд, ба иллати туфони шин дар биёбонҳои кавирии атрофи шаҳри Табас, шикаст хурд ва теъдоде аз ҳавопаймоҳо ва болгардҳои амрикоӣ оташ гирифт ва чанд неруи низомии Амрико кушта шуданд ва боқии онон бо нокомӣ ва расвоӣ аз хоки Эрон гурехтанд.

Қарор буд амрикоиҳо пас аз фуруд дар Табас бо болгард ба сӯи Теҳрон парвоз кунанд, то афродеро, ки таҳти унвони депломат дар сафоратхонаи Амрико ба ҷои маъмурияти депломатик машғули ҷосусӣ ва тарроҳии амалиёти барандозии низоми навпои Ҷумҳурии исломии Эрон буданд аз ин маҳал хориҷ кунанд.

Асноде, ки аз он воқеъа барҷой монда буд нишон медод ин иқдом бо иҷрои нақшае дақиқ бо истифода аз шароити иқлимии Эрон дар саҳрои Табас аз тариқи шиносоии фурудгоҳе матрука дар шарқи Эрон ва бо муҳосиботе дақиқ тарроҳӣ шуда буд.

Моҷарои Табас ба унвони санади дигаре аз ҳадафҳои таҷовузкоронаи Амрико алайҳи миллати Эрон дар таърихи руйдодҳои пас аз инқилоби исломӣ сабт шуд.

Барчасп