Апрел 25, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои шикасти

Намояндаи доими Русия дар Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба талоши Амрико барои мамониат аз фаъолияти махонизми вижаи молии «INSTEX» бо Эрон, мӯътақид аст, ки ин тарҳи аврупоӣ феълан зуҳуре аз худ нишон надода ва ба ҳамин далел Теҳрон дар садади эҷоди махонизми мушобеҳ аст.

Владимир Чижов, намояндаи доими Русия дар мақари Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Новости» эълом кард, ки махонизми вижаи молии «INSTEX» барои доштани имконоти лозим барои идомаи равобити тиҷорӣ бо Эрон, ки Иттиҳоди Аврупо эҷод карда, ҳанӯз ҳеҷ зуҳуре аз худ нишон надодааст ва ба ҳамин далел мақомоти Теҳрон эълом кардаанд, ки қасд доранд махонизми мушобеҳеро бавуҷуд оваранд.

Вай ёдовар шуд, ки саволоти зиёде дар бораи махонизми молии «INSTEX » аврупоӣ барои тарафи русӣ вуҷуд дорад. Вай афзуд: «Мо бояд ин масоилро дар гуфтугӯ бо касоне, ки ин махонизмро бавуҷуд овардаанд, равшан созем. Мо дар ин робита ҳозир ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳамоҳангӣ иқдомот ҳастем.»

Намояндаи доими Русия дар Брюссел дар айни ҳол таъкид кард, ки Амрико аз тамоми имконоти худ истифода мекунад, то монеъ аз фаъолияти махонизми вижаи молии «INSTEX» бо Эрон шавад ва возеҳ аст, ки дар ҳамин робита иқдомоти маҳдудкунанда ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ташдид мешаванд.