Апрел 27, 2019 12:48 Asia/Dushanbe
  • Пештозии Ҷо  Байден аз Доналд Трамп дар назарсанҷии интихоботӣ

Натиҷаҳои назарсанҷии ахир дар Амрико нишон дод, бештари амрикоиҳо қасд доранд дар интихоботи раёсат ҷумҳурии 2020 ба муовини раиси ҷумҳури собиқи Амрико раъй диҳанд.

Ба гузориши нашрияи Ҳил, бар асоси натиҷаҳои назарсанҷии ахир Ҳел-Ҳерис Икс (1) Амрико 75 дарсади ширкаткунандагон эълом карданд, Ҷо Байден муовини Барак Обама раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар бештарин шонсро барои шикасти Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 дорад.

Дар ин назарсанҷӣ, ки дар моҳи апрели 2019 анҷом шуд  ҳазор нафар ширкат карданд.

Шоёни зикр аст Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе 25 апрел пас аз моҳҳо гумоназанӣ, тасмими худро барои ширкат дар рақобатҳои интихоботии раёсат ҷумҳурии соли 2020  Амрико эълом кард.

Байдени 76 сола аз моҳҳо пеш болотар аз Берни Сандерз сенатори мустақил ва дар садри ҳамаи назарсанҷиҳои марбут ба ғолиби рақобатҳои дохилии Ҳизби демократ барои таъйини номзади ниҳоии ин ҳизб дар интихоботи соли 2020 қарор дорад.

Барчасп