Ҳуқуқи башари ғарбӣ ва пулу нафти Арабистони Саудӣ + гузориши видеоӣ
Апрел 27, 2019 18:53 Asia/Dushanbe
Чашмпӯшии Ғарб, бавижа Амрико аз ҷиноятҳои оли Сауд ба хотири долларҳои нафтӣ ва фурӯши аслиҳаи бештар, бори дигар нишон медиҳад, ки ҳуқуқи башар танҳо бозичае сиёсӣ дар дасти қудратҳои бузург аст.
Раванди рӯ ба афзоиши эъдомҳо дар Арабистони Саудӣ, азҷумла эъдоми дастаҷамъии 37 шаҳрванди арабистонӣ, ки умдатан аз фаъолони ҷунбиши мардумӣ дар минтақаи Шарқия ва Мадинаи мунаввара буданд, бори дигар нишон дод, хонадони оли Сауд бо пушти гарми Кохи Сафед ҳамчунон рекорддори нақзи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ҳастанд.