Апрел 28, 2019 16:35 Asia/Dushanbe
  • Трамп боз ҳам Арабистони Саудиро таҳқир кард

Раисҷумҳури Амрико бори дигар зимни таҳқири шоҳи Саудӣ гуфт: Арабистон ба ҷуз пул чизи дигаре надорад.

Ба навиштаи пойгоҳи Дели Колер, Доналд Трамп дар як суханронии умумӣ дар иёлати Висконсин бори дигар адабиёти таҳқиромези Арабистони Саудиро хитоб қарор дод ва гуфт: Мо ба Арабистони Саудӣ кӯмак ва ёрона медиҳем ва онҳо ба ҷуз пул чизи дигаре надоранд.

Трамп афзуд: Дар тамос бо Малик Салмон, подшоҳи Саудӣ ба ӯ гуфтам, ки шумо фақат пули зиёде доред.

Раисҷумҳури Амрико пештар низ сарони саудиро говҳои ширдеҳ тавсиф карда ва дар ҷое низ гуфта буд: "Агар Амрико набошад, Арабистони Саудӣ ду ҳафта бештар давом намеоварад".

Трамп дар ин суханронӣ ҳамчунин бори дигар аз иқдоми ғайриқонуниаш дар ба расмият шинохтани ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Голани Сурия дифоъ карду гуфт: 52 сол буд, ки бақия ин ҳарфҳоро мезаданд ва ман хеле зуд онро анҷом додам.

14 Узви Шӯрои амнияти СММ иқдоми Трампро маҳкум ва бо он мухолифат карданд.

 

 

Барчасп