Интишори филм ва тасвири ҷадид аз Абубакр Бағдодӣ (видео)
Абубакр Албағдодӣ, саркардаи гурӯҳаки террористии ДИИШ, ки пештар ахборе мабнӣ бар кушта шудани вай мунташир шуда буд, пас аз солҳо ва дар шароите ки гурӯҳаш рӯ ба фурӯпошӣ аст, рӯзи душанбе бори дигар дар як филм дида шуд.
Ин филм, ки созмони таблиғоти “Фурқон”-и вобаста ба гурӯҳаки террористии ДИИШ дар “Телеграм” мунташир кард, нахустин видео аз Албағдодӣ аз соли 2014 ва суханронияш дар масҷиди ҷомеи «Аннурӣ» дар Мусили Ироқ то кунун аст. Ҳарчанд таърихи сабти ин навори видеоӣ мушаххас нест, аммо Албағдодӣ дар ибтидои он бо ишора ба набарди Албоғуз ва берун ронда шудани аъзои ДИИШ аз ин шаҳрак эътироф мекунад, ки даргириҳо дар ин минтақа бо шикасти ДИИШ поён ёфтааст. Албғдодӣ ҳамчунин дар ин видео иддао кард, ки инфиҷорҳои Иди Пок дар Шриланка дар посух ба шикастҳои ДИИШ дар Сурия анҷом шудааст.
Албғдодӣ як бор дар соли 2014 аз маҳалли пинҳоншудаи худ дар Мусили Ироқ берун омад ва охирин паёми савтии вай низ ба августи соли 2019 бозмегардад.
Амрико ҳанӯз дар мавриди ин ки оё ин фард, воқеан, Абубакр Албғдодӣ бошад, тардид дорад ва дар ҳамин робита яке аз мақомоти Пентагон эълом кард, ки Вашингтон дар ҳоли баррасии ин филм барои итминон ёфтан аз мавзӯъ аст.
Як манбаи иттилоотии ироқӣ рӯзи шанбе гузориш дод, ки саркардаи ДИИШ аз ҳафтаҳо пеш талош мекард, вориди Ироқ шавад ва инак, дар Тадмури Сурия ҳузур дорад.
Одил Абдулҳамидӣ, нахуствазири Ироқ дар дидор бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар Берлин дар вокуниш ба интишори ин филм гуфт: "ДИИШ ҳарчанд комил аз байн нарафта, аммо заработи бузург ва кушандае дарёфт кардааст. Аз ёд намебарем, ки яку ним сол пеш ба масоҳати васееро дар Ироқу Сурия дар ишғол дошт, аммо алъон Албағдодӣ дар минтақаи маҳдуд ва ношинохт зоҳир мешавад, ҳол он ки ӯ бори аввал дар Мусил дар миёни тарафдорони худ зоҳир шуда буд".