Ал Бародаӣ: Сиёсати Амрико “кӯтаҳбинона” аст
Дабири кулли собиқи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ сиёсати Амрико дар эъмоли фишори иқтисодӣ, алайҳи Эрон ва фаластинёнро “кӯтаҳбинона” тавсиф кард.
Муҳаммад Ал Бародаӣ, муовини раисиҷумҳури собиқи Миср фишорҳои Амрико бар фаластиниёнро “сиёсати кӯтаҳбинона”, тавсиф кард ва дар бораи паёмадҳои он ҳушдор дод.
Ал Бародаӣ дар “Твиттер” навишт: Вашингтон бо эъмоли муҷозот ва фишори иқтисодӣ алайҳи фаластиниён мехоҳад онҳо ончӣ дар муомилаи қарн матраҳ хоҳад шуд, бипазиранд, ҳамон хатти маше, ки дар қиболи Эрон дар пеш гирифтааст.
Вай гуфт, чунин сиёсати кӯтаҳбинона аст ва фақат ба танишу хушунати бештар мунҷар мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Анатоли Туркия, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳамроҳи чанде аз мушовиронаш аз авоили 2017, ки ба қудрат расидааст шурӯъ ба тадвини тарҳе барои созиш миёни фаластиниён ва режими саҳюнистӣ кардаанд.
Аксари вижагиҳои ин тарҳ ҳанӯз мубҳам аст, аммо бар асоси изҳороти қаблии сафири Амрико дар сарзаминҳои ишғолӣ, бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба режими саҳюнистӣ мулҳақ мешавад ва заминаи эҷоди як давлати мустақили Фаластиниро фароҳам нахоҳад кард.
Созмони озодибахши Фаластин ва ҳамаи гурӯҳҳо ва аҳзоби фаластинӣ назорати Вашингтон бар роҳи ҳалли ниҳоии муноқиша байни Фаластин ва режими саҳюнистиро рад мекунанд, дар ҳоле, ки Вашингтон фишорҳои зиёдеро барои таҳмили дидгоҳ худ аз тариқи фишори иқтисодӣ ва ҳимоят аз Тел Авив ворид мекунад.