Май 03, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Пасларзаҳои таҳрими нафти Эрон

Баҳои бензин ва солярка дар Англия, бо поёни муҳлати муофиятҳои Амрико барои харидорони нафти Эрон, ба болотарин ҳад дар наздик ба 20 соли гузашта расид.

Ба гузориши ИРНА, таҳқиқоти ширкати хадамоти васоили нақлияи «REC» нишон медиҳад, ки баҳои ҳар литр бензин дар моҳи апрел бо ҷаҳиши ногаҳонии 5 пенс нисбат ба моҳи қабл, ба 1 пунду 28 пенс расид. Баҳои ҳар литр солярка ҳам дар моҳи апрел бо 3 пенс афзоиш нисбат ба моҳи қабл ба як пунду 34 пенс расид. Ба ин тартиб ҳазинаи ҳар бор пур кардани баки худрав, ба таври миёнгин 3 пунд - муодили 70 пунд барои 55 литр – афзоиш ёфтааст.

Саймон Вилямс як сухангӯи ширкати «REC» мегӯяд, апрел дувумин моҳи пайи ҳам пас аз соли 2000 аст, ки баҳои сӯхт ба болотарин ҳад расидааст. Баҳои бензин аз охири моҳи март тақрибан ҳар рӯз афзоиш дошта ва ин масъала рӯйи махориҷи хонаводаҳо дар саросари кишвар таъсири зиёнборе доштааст.

Ҳамчунин бар асоси мушоҳидаҳои айнӣ дар Лондон, баҳои ҳар литр бензин субҳи имрӯз (ҷумъа) ба як пунду 30 пенс ва ҳар литр солярка ба як пунду 35 пенс расидааст.

Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки давлати Амрико бо вуҷуди нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ихтилол дар бозори нафт, ҳафтаи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки муофияти харидорони нафти Эронро дигар тамдид намекунад ва ба иборате ҳеҷ кишваре ҳақи хариди нафт аз Эрон надорад.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд, ки шуморе аз тавлидкунандагони нафт, яъне Арабистон ва Аморот барои ҷойгузин кардани нафти Эрон эъломи омодагӣ кардаанд.